Ҷаласа бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз»
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Холмуҳаммадзода Сорбони Амирхонӣ ҷаласаи гурӯҳи тадорукот бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъулини чор ноҳияи пойтахт ва дигар сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар баромади худ масъулин зикр намуданд, ки бо мақсади иҷрои банди 33 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 дар бораи баргузории «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ва иҷрои нишондоди қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 феврали соли 2024, №59 «Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2024» даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз» дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.
Дар ҷаласа масъалаҳои муқадамотӣ, ташкилӣ, ташкил намудани ишораву навиштаҷот, оро додани макони баргузории чорабинӣ таъкид гардид.
Чорабинии мазкур дар асоси карори Раиси шаҳри Душанбе ташкилу баргузор мегардад. Дар асоси ин қарор нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз» дар шаҳри Душанбе, ҳайати Комиссия ва харҷномаи озмун тасдиқ гардидаст. Зикр рафт, ки дар асоси ин қарор Муовини Раиси шаҳри Душанбе-сарпарасти соҳа, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз» тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд. Аз ин рӯ аз масъулин даъват гардид, ки бо иҷрои тадбирҳои зарурӣ барои дар сатҳи хуб гузаштани чорабинӣ мусоидат намоянд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ