image

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ БАЛАНДИ ТАШКИЛӢ ҶАШН ГИРИФТАНИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ПОЙТАХТ

date_range12.06.2024, 16:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye114
ш.Душанбе. 12.06.2024. Дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, доир ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарони сохторҳои дахлдор, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва дигарон ширкат доштанд.
Зикр гардид, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки яке аз санаҳои муҳиму таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад, бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Бинобар ин ҳар як фард бояд ба қадри ин неъмат яъне ваҳдату якдилӣ, оромию осоиштагӣ расида, баҳри пешрафту шукуфоии ватани азизамон Тоҷикистон якдилона камари ҳиммат бандем.