image

Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Пайки Душанбе»

date_range19.06.2024, 14:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye185

19-уми июн дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Пайки Душанбе» доир гардид. Зимни ҷаласа ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуда, ҳайати нави аъзои ташкилоти ибтидоии «Пайки Душанбе» интихоб гардид.

Дар кори маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Пайки Душанбе» намояндагони Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур, роҳбарият ва аъзои ташкилоти ибтидоии «Пайки Душанбе» ширкат намуданд.

Зимни ҷаласа раиси ташкилот қайд намуд, ки Ташкилоти ибтидоии “Пайки Душанбе”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 дар асоси нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ ва дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб як қатор чорабиниҳои сиёсии хусусияти тарғиботию ташвиқотидоштаро баргузор намуд. Дар маҷмӯъ давраи сипаригардида барои тамоми сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва аъзоёни ҳизб басо хотирмон буд. Зеро дар ин давра як қатор маъракаҳои муҳими сиёсӣ доир гардид, ки дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ ташкилоти ибтидоии “Пайки Душанбе” саҳми назарраси худро гузошт.

Зикр шуд, ки ташкилоти ибтидоии «Пайки Душанбе» 96 нафар аъзо дошта, фаъолияти он дар соли 2023-2024 пурсамар буд. Ташкилот дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати корҳо дар самтӣ ободонӣ дар пойтахт ва баргузории дигар чорабиниҳоии сиёсиву фарҳангӣ ҳамкории зичро ба роҳ монд.

Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” дар соли 2023 фаъолияти худро дар асоси Амру Фармонҳо ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботҳои Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”, “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, “Дар бораи Реклама”, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дастуру супоришҳои мақомоти шаҳрдорӣ амалӣ месозад.

Дар идомаи маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ҳайати нави ташкилоти ибтидоии «Пайки Душанбе» интихоб гардид. Дар давоми соли 2023 тамоми рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа, бахусус шаҳри Душанбе ҳамарӯза тавассути барномаҳои иттилоотӣ, сиёсиву таҳлилӣ ва фарҳагиву фароғатӣ инъикоси саривақтии худро пайдо карданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"