image

Фаъолияти лагери истироҳативу омӯзишии “Рангинкамон”-и Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар мавсими тобистон

date_range20.06.2024, 10:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye256

Бо инобати шурӯъи мавсими тобистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе дар баробари фаъолияти истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, лагерҳои наздимактабӣ низ таъсис дода шудааст, ки кӯдакону наврасон дар онҳо ба фароғат фаро гирифта шудаанд. Истироҳатгоҳи "Рангинкамон"-и Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Дар лагери истироҳативу омӯзишии “Рангинкамон” зиёда аз 100 нафар таълимгиранда ба истироҳату фароғат ҷалб гардидаанд. Тибқи иттилоъ дар лагер 10 маҳфил аз қабили рассомӣ, гитаранавозӣ, шоҳмот, зардӯзӣ, драма, дуредгарӣ, рақс, асбобҳои зарбӣ ва маҳфили табиатдӯстдорон фаъолият менамоянд, ки ҳамарӯза кӯдакон ба онҳо фаро гирифта мешаванд. Тавре мушоҳида намудем дар маҳфили попурдӯзӣ ва тарроҳӣ асосан духтарон ҷалб гардида, бо ёрии омӯзгор нозукиҳои ин касбро меомӯзанд. Ба иттилои масъулин, таълимгирандагон дар раванди маҳфилҳо фаъол буда, ҳамарӯза бо тайёрӣ ҳозир мешаванд.

Дар маҳфили табиатдӯстдорони наврас бошад кӯдакон низ фаъол буда, ба тасвири манзараҳои зебо машғул гардидаанд. Ҳамзамон дар маҳфили рассомӣ истироҳаткунандагон бо шавқи зиёд ба тасвири расмҳои мухталиф машғул мешаванд.

Дар маҳфили асбобҳои зарбӣ бошад асосан писарон ҷалб гардида, ҳамарӯза ба машқу тамрин машғул мегарданд. Тавре маълум гардид насли наврас хеле шоданд, ки Ҳукумати кишвар барои онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд, то онҳо дар айёми таътили тобистона ба чунин лагерҳо ҷалб гарданду вақти худро самранок истифода баранд.

Бояд гуфт, ки фаъолияти чунин истироҳатгоҳҳо дар вақти таътили тобистона муҳиму саривақтӣ буда, насли наврасро аз беҳудагардӣ нигоҳ медорад. То онҳо дар ин айём вақти худро ба омӯхтани касбу ҳунарҳои гуногун гузаронанд. Зеро ҳунар як коргоҳи бузургест, ки доимо ҳамсафари шахсони боистеъдод аст.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"