ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – АСОСИ РУШДИ ҶОМЕАИ НАВИНИ ТОҶИКИСТОН
"Ваҳдати миллӣ – асоси рушди ҷомеаи навини Тоҷикистон" таҳти чунин унвон бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар таърихи мамлакати мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, он ҷашни баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ маҳсуб шуда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати миллати хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро собит месозад. Роҳи сулҳ барои мо роҳи наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буд.
Бале, маҳз сулҳу оромӣ имконият фароҳам овард, ки ба амалисозии ҳадафҳои стратегӣ, амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва густариши шабакаҳои коммуникатсионӣ шуруъ намоем.
Ёдовар бояд шуд, ки мо мардуми тоҷик ба остонаи сулҳ бо ранҷу азоб, табодули афкори тарафайн, музокироти тӯлонӣ ва басҳои дуру дароз расида, оқибат осоишу амнияти мамлакатро таъмин намудем.
Иштирокдорони ҳамоиш иброз намуданд, ки Ваҳдати миллӣ ба халқи тоҷик неруву тавон, сабру таҳаммул, файзу баракат, ҳиммати ҷавонмардона ато кардааст, ки дар лаҳзаҳои душвору мураккаб халқи мо боз ҳам муттаҳидтар шуда, даст ба дасти ҳамдигар медиҳанд ва барои суботи устувор ва оромии ватанамон софдилона заҳмат мекашанд.
Файзов Теҳрон
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ