Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Бонки миллӣ
Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ доир гардид.
“Ваҳдати миллӣ ва фазои ороми сулҳу субот дар кишвар аз ҳар кадоми мо талаб мекунад, ки ҳамқадами ҷомеаи муосир бошем, наслҳои имрӯзу ояндаро ба омӯхтани илми муосир, яъне дастовардҳои илму техника ва технологияи нав, аз ҷумла татбиқи онҳо дар низоми бонкии мамлакат, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ташвиқу раҳнамоӣ созем”. – таъкид шуд дар ҳамоиши Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аҳли ҷамъомадро инчунин ба муносибати 33-солагии таъсисёбии Бонки миллии Тоҷикистон (бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 дар заминаи Идораи Бонки давлатии Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфтааст), табрику таҳният намуда, зикр кард, ки фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат низ пас аз хотима ёфтани ҷанги дохилӣ ва ба даст омадани Ваҳдати миллӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод ва дар таҳкиму тақвияти ин низом раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ доранд.
Баромадкунандагон аз нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлату давлатдорӣ сухан карда, иброз доштанд, ки бо шарофати барқарор шудани сулҳу Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини кишвар марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз гардид. Барқарор шудани сулҳу субот имкон фароҳам овард, ки барномаҳои муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва дигар маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ шуруъ ва роҳандозӣ гарданд.
Дар идома ҳамоиш намояндагони Шурои ҷавонони бонк дар васфи Ваҳдати миллӣ сухан карда, порчаҳои шеъриро аз эҷодиёти адибони тоҷик қироат намуданд.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ