БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ПОЙТАХТ»
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҷлиси ҳисоботии Ташкилоти ибтидоии «Пойтахт»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он фаъолияти ташкилот барраси гардида, раис ва муовинон аз нав интихоб гардиданд.
Тавре зимни пешниҳоди ҳисоботи раиси Ташкилоти ибтидоии «Пойтахт” иброз шуд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи тафаккури Пешвои муаззами миллат аст ва бо назардошти афкору андешаҳои табақаҳову гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа таъсис ёфта, тавонист, ки дар мархилаи хеле кӯтоҳи таърихи ҳамчун ҳизби меҳвари орзуву ормонҳои мардумро дар худ таҷассум кунад ва ба ҳизби умумимиллӣ табдил ёбад. Дар ин марҳила Ҳизби Халқии Демократии Точикистон ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар аст.
Гуфта шуд, ки Ташкилоти ибтидоии «Пойтахт»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар асоси Оиннома ва Барномаи ҲХДТ ба роҳ монда, баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи ҳизб саъю талош меварзад. Қайд гардид, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон ба табакаҳои ниёзманди ҷомеа хело зиёд буда, дар робита ба ин яке аз ҳадафҳои Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастгирии ниёзмандон мебошад.
Тибқи иттилоъ шумораи аъзои Ташкилоти ибтидоии «Пойтахт» дар соли сипаригардида 57 нафар буда дар 6 моҳи июни соли 2024 ба 91 нафар расидааст. Дар давраи ҳисоботӣ 23 нафар кормандон ба узви ҲХДТ шомил шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида зиёд мебошад.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа бо муайян кардани мавқеи аъзоён раис ва муовинони Ташкилоти ибтидоии «Пойтахт» аз нав интихоб гардиданд.
Дар интиҳо ба як қатор нафарони ба ҳизб шомил гардида, дафтарчаҳои аъзогӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Ҳамчунин шахсони фаъол, ки барои пешбурди фаъолияти ҳизб саҳми назаррас гузоштаанд бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ