Телевизиони Душанбе аз фаъолияти шашмоҳаи худ дар соли 2024 натиҷагирӣ намуд
Дар Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” давоми 6 моҳи аввали соли 2024 тамоми рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа, бахусус шаҳри Душанбе ҳамарӯза тавассути барномаҳои иттилоотӣ, сиёсиву таҳлилӣ ва фарҳангиву фароғатӣ инъикоси саривақтии худро пайдо карданд.
Суҳроб Ализода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе" дар 6 моҳи аввали соли 2024-ро қаноатбахш арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки барномаи телевизионӣ бояд бо тамошобин робитаи мустақим дошта бошад.
Қайд шуд, ки фарогирии “Телевизиони Душанбе” дар баробари 15 шабакаи телевизионии ҷумҳурӣ қарор дорад, ки ин нишондоди сатҳи баланд мебошад.
Таъкид гардид, ки ҳама чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки дар пойтахт баргузор мегарданд, бо истифода аз “Студияи сайёр”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” сабт гардида, ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Дар 6 моҳи аввали соли 2024 тавассути Студияи калони сайёри телевизионӣ 9 чорабинии сатҳи байналмилалӣ ва бо Студияи хурди сайёри телевизионӣ 44 чорабинии гуногуни илмию фарҳангӣ ба навор гирифта шудаанд.
Маъруфҷон Оқилов, директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” бобати таҳия ва нашри саривақтии хабару гузориш, очерку барнома ва суҳбату филмҳо ҳисобот пешниҳод карда, иброз дошт, ки дар 6 моҳи соли равон 9 журналисти телевизион дар курсҳои омӯзишии Академияи ВАО-и Тоҷикистон иштирок карда, савияи дониш ва маҳоратии кории худро сайқал доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки нашри хабару маълумот аз “Телевизиони Душанбе” дар шабакаҳои иҷтимоӣ назаррас буда, феълан телевизион дар саҳифаи Фейсбукии худ 4 ҳазор истифодабаранда дорад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, фаъол будан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, пур кардани фазои иттиоотӣ, ҳамқадами замон будан ва пешниҳоди ҷолиби гузоришу барномаҳо, аз ҷумлаи муҳимтарин тавсияҳо барои тақвияти фаъолияти кормандони “Телевизиони Душанбе” буд.
Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” тасмим дорад минбаъд низ фаъолияти худро ҷиҳати инъикоси ҳамаҷонибаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо пешниҳоди барномаҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир беҳтар намояд.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ