image

Мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф

date_range10.10.2024, 10:07 chat_bubble_outline0 remove_red_eye91
10 октябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла робитаҳои судманди байнипарламентиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, зарур дониста шуд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ доир ба масъалаҳои мубрами амнияту бехатарӣ дар минтақа ва ҷаҳон мубодилаи афкор сурат гирифт.