Амонатбонк ба буҷети давлатӣ 68 млн сомонӣ андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро дар нимсолаи якуми соли 2026 ворид намуд
Амонатбонк ҳамчун бонки низомсозии кишвар дар рушди бахши молиявии кишвар саҳми фаъол дорад. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Салимзода Алиҷон зикр намуд, ки дар баробари рушди нишондиҳандаҳои молиявӣ, бонк иҷрои саривақтии уҳдадориҳоро дар назди мизоҷон ва шарикони худ таъмин намуд.
Бақияи умумии амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 10,5 млрд сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 фоиз афзоиш ёфт. Ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ ба андозаи 17 фоиз зиёд гардида, бакияи он ба 3,5 млрд сомонӣ расонида шуд.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба пасандозгузорон 62 млн сомонӣ даромади фоизӣ пардохт карда шуд. Дар ин баробар як қатор маҳсулоти қарзии имтиёзнок пешниҳод шудааст, ки маъмулатарини он маҳсулоти қарзии «Дастгирии деҳқон» будааст.
Дар идома гуфта шуд, ки бо мақсади дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорӣ, меъёри фоизии як қатор маҳсулоти қарзӣ паст карда шуд. Аз ҷумла, меъёри қарзҳо барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз 18 ба 16 фоиз ва барои соҳаи саноат аз 18 ба 15 фоиз коҳиш дода шуд.
Дар доираи ҳамкории Бонк бо ширкатҳои сохтмонӣ меъёри қарзҳои ипотекӣ ба 14 фоизи солона баробар гардида, муҳлати истифодаи онҳо то 10 сол муқаррар шудааст. Ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани дастрасии шаҳрвандон ба маблағгузории манзил ва рушди фаъолияти истеҳсолию соҳибкорӣ мусоидат менамоянд, афзуд дар идомаи нишаст роҳбарияти бонк.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ