НАҚШАИ ДАРОМАДИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ 114 ФОИЗ ИҶРО ГАРДИДААСТ
Дар нимсолаи аввали соли 2026 Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба татбиқи сиёсати молиявии давлат, таъмини устувории буҷет ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоӣ равона намуд. Масъулини вазорат мегӯянд, ки дар ин давра як қатор нишондиҳандаҳои муҳими молиявию иқтисодӣ бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст гардиданд.
Аз ҷумла, нақшаи даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад беш аз 114 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 36 миллиарду 400 миллион сомонӣ ворид гардидааст. Ҳамчунин, қисми даромадҳои дохилии буҷет аз ҷониби Кумитаи андоз низ зиёда аз нақша таъмин шудааст.
Дар баробари иҷрои нақшаҳои буҷетӣ, Вазорати молия фаъолияти иҷозатномадиҳиро низ идома дода, дар шаш моҳи соли ҷорӣ барои намудҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ беш аз ҳазор иҷозатнома ба субъектҳои хоҷагидорӣ додааст. Ин иқдом, ба гуфтаи масъулон, барои рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ мусоидат мекунад.
Самти дигари муҳими фаъолияти вазорат ҷалби маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзнок барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки давлатӣ мебошад. Дар ин давра бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ созишномаҳои нав ба маблағи қариб ним миллиард доллари ИМА ба имзо расидаанд. Ин маблағҳо барои сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун», такмили низоми идоракунии захираҳои об, дастгирии барномаҳои рушди иқтисодӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ равона мешаванд.
Дар масъалаи идоракунии қарзи давлатӣ низ вазъият таҳти назорат қарор дорад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ҳаҷми умумии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 июли соли 2026 ба 3,4 миллиард доллари ИМА баробар буда, нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 16 фоизро ташкил медиҳад. Масъулон таъкид карданд, ки ҳамаи уҳдадориҳои қарзӣ сари вақт иҷро гардида, дар пардохти қарзҳои хориҷӣ ягон мушкилӣ ба миён наомадааст.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин зикр гардид, ки Вазорати молия минбаъд низ сиёсати худро ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии маблағҳои давлатӣ, таъмини шаффофияти буҷет, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими суботи молиявии кишвар равона хоҳад кард.Ба гуфтаи масъулони Вазорати молия, натиҷаҳои нимсолаи аввал нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди таъсири омилҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, дар кишвар суботи молиявӣ нигоҳ дошта шуда, замина барои татбиқи ҳадафҳои иҷтимоӣ ва рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ фароҳам мебошад.
Меҳринисои Абдуҳомид
"Телевизиони Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ