ГАРДИШИ ХОНА БА ХОНА ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҶАВОНДУХТАРОН ДАР КОРҲОИ ХОНАДОРӢ, ТОЗАКОРӢ ВА АЗ ХУД НАМУДАНИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Бо ташаббуси масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, санаи 27 июли соли ҷорӣ бо сокинони маҳаллаи Дӯстии ноҳия ҷиҳати ободонии ҳавлӣ, кӯча, маҳал ва шинос гардидан бо омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ, ҳамзамон тарзи омода намудани шарбат аз маҳсулотҳои мавсимӣ, хӯрокҳои миллӣ ва пӯхтани кулчаву фатирҳои хонагӣ ба ҷавондухтарони маҳлла корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузарониданд.
Дар рафти мулоқот масъулин ба ҷавондухтарони фаъоли маҳалла тарзи дуруст омода намудани шарбат аз меваю гиёҳҳои мавсимӣ, ҳамзамон омода намудани хӯрокҳои миллӣ ва хамираи кулчаву фатирҳои хонагиро омӯзонида, амалан нишон доданд.
Дар баробари ин, дар рафти суҳбат масъалаи пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила, сӯйиқасд ба ҷони худ, дур намондани духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, риояи либоси миллӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона ва дигар мавзуҳои мубрами ҳаёти иҷтимоии сокинон мавриди андешаронӣ қарор гирифт.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ