image

ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ — ҚАДАМҲО БА СӮИ ҶОМЕАИ СОЛИМ

date_range14.08.2026, 04:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye10

13/08/2026/ Дар толори Маркази саломатии шаҳрии №15 тибқи нақшаи чорабиниҳо ва дар робита ба ҳамкориҳои судманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарияти соҳаи тандурустӣ ва кормандони тиб иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ таъкид шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста рушд намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва фароҳамсозии шароити мусоиди фаъолияти кормандони соҳа тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор кормандони фаъол ва пешсафи соҳа барои меҳнати содиқона ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи тандурустӣ бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Чорабинӣ дар фазои баланди идона ва рӯҳияи ватандӯстӣ баргузор гардида, баёнгари эҳтиром ба заҳмати содиқонаи кормандони соҳаи тиб ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ гардид.