САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ
17 август дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шукурзода Саодат, муовини сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Собирзода Ато, мудирони бахшу шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарон ва масъулони муассисаҳои тандурустии ҳудуди ноҳия, фаъолон ва собиқадорони соҳаи тиб иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шукурзода Саодат ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми кормандони соҳаи тандурустиро аз номи роҳбарияти ноҳия ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб самимона табрик намуд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки касби табибӣ яке аз масъулиятноктарин ва пуршарафтарин касбҳо ба ҳисоб рафта, табибон дар ҷомеа ҳамчун ҳомиёни саломатӣ, наҷотбахши ҷони инсонҳо ва шахсони дорои рисолати баланди инсонӣ мақоми арзанда доранд. Фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони соҳаи тиб ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва таъмини некӯаҳволии ҷомеа равона гардидааст.
Қайд карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфта, барои рушди инфрасохтори тиббӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосир ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои пайваста амалӣ мешаванд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки таваҷҷуҳи хос ба соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Душанбе низ натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати хизматрасонии тиббии босифат ва дастрас ба аҳолӣ заминаҳои зарурӣ муҳайё гардидаанд.
Дар идомаи чорабинӣ муовини сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Собирзода Ато суханронӣ намуда, кормандони соҳаи тибро ба муносибати иди касбӣ табрик гуфт. Мавсуф дар бораи аҳаммияти касби табибӣ, масъулияти баланди кормандони соҳаи тандурустӣ дар назди ҷомеа ва нақши онҳо дар ҳифзи саломатии аҳолӣ андешаронӣ намуда, рушди соҳаи тандурустии кишварро самараи таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Таъкид шуд, ки дастовардҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар 35-соли Истиқлоли давлатӣ ба рушди муассисаҳои тиббӣ, ҷорӣ гардидани усулҳои муосири ташхису табобат ва боло рафтани сатҳи касбияти мутахассисон барои баланд гардидани эътибори табибони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор кормандони фаъолу собиқадори соҳаи тандурустӣ барои саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи тандурустӣ, фаъолияти самаранок, садоқат ба касб ва мусоидат дар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ тақдим карда шуд.
Чорабинии тантанавӣ бо эҳсоси баланди эҳтиром ба аҳли соҳаи тиб ва қадрдонӣ аз заҳмати шабонарӯзии табибон, ҳамшираҳои тиббӣ ва дигар кормандони соҳа анҷом ёфт.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ