БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТАРҒИБОТӢ-ТАШВИҚОТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «САЛОМАТИИ ҲАР ЯКИ МО АЗ ХУДИ МО ВОБАСТА АСТ» ДАР КӮЧАВУ ХИЁБОНҲОИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Санаи 17 августи соли 2026, бо мақсади иҷрои банди 1 Нақшаи чорабиниҳои қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 27 январи соли 2022, 42 "Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир ба амалисозии "Барномаи миллии ташакулли тарзи ҳаёти солим дар ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2022-2026", инчунин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббӣ, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи аҳолӣ ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳия аксияи тарғиботӣ-ташвиқотӣ таҳти унвони «Саломатии ҳар яки мо аз худи мо вобаста аст» баргузор гардид.
Зимни баргузории аксия ба сокинону меҳмонони ноҳия вобаста ба аҳамияти пешгирии бемориҳо, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ғизои дуруст, истифодаи оби тоза, фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ ва зарурати хоби кофӣ маълумоти муфид дар варақаҳои иттилоотӣ дода шуд.
Инчунин, дар рафти тақсимоти варақаҳо (буклетҳо) ба шаҳрвандон таъкид карда шуд, ки саломатии инсон пеш аз ҳама аз муносибати худи ӯ ба тарзи зиндагӣ вобастагӣ дошта, риояи қоидаҳои одии беҳдоштӣ ва одатҳои солим метавонад барои коҳиш додани хатари пайдоиши бемориҳои гуногун мусоидат намояд.
Мақсади асосии баргузории аксияи мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ташаккули фарҳанги беҳдоштӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба ҳифзи саломатии худ ва аҳли оила мебошад.
Саломатӣ — сарвати бебаҳост!
Саломатии худро ҳифз кунед — саломатии ҷомеаро ҳифз мекунед!
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ