image

ОБОДИИ САРИКИШТИИ ПОЁН — ИСТИҚБОЛИ ШОИСТА АЗ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

date_range21.08.2026, 16:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye4

21 август Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ ва мумфаршкунии роҳҳои дохилимаҳаллавӣ ба маҳаллаи Сарикиштии поён ташриф оварда, ҷараёни иҷрои корҳои роҳсозиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Зимни боздид Раиси ноҳия бо масъулони соҳа ва шахсони масъули корҳои сохтмонӣ оид ба рафти корҳои анҷомдодашуда, сифати корҳои роҳсозӣ, риояи талаботи технологӣ ва муҳлатҳои иҷрои корҳо суҳбат намуда, барои дар сатҳи баланди касбӣ ба анҷом расонидани корҳои мумфаршкунӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки ҳангоми иҷрои корҳои роҳсозӣ пеш аз ҳама ба сифати маводи истифодашаванда, риояи технологияи мумфаршкунӣ, омодасозии дурусти қаъри роҳ, ҳамворӣ ва устувории қабати асфалтӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Масъулон вазифадор гардиданд, ки корҳои ба нақша гирифташударо дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд.

Раиси ноҳия ҳамзамон таъкид намуд, ки ободонии маҳаллаҳо ва беҳтар намудани ҳолати роҳҳои дохилимаҳаллавӣ яке аз самтҳои муҳимми корҳои созандагӣ ба ҳисоб рафта, дар ин раванд бояд манфиатҳои сокинон, таъмини шароити мусоиди ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади пиёдагардон ба инобат гирифта шавад.

Мумфаршкунии роҳҳои маҳаллаи Сарикиштии поён дар заминаи ташаббусҳои созандагӣ ва ободонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ҷалби саҳми сокинон ва шахсони саховатпеша амалӣ гардида истодааст. Ин иқдом намунаи равшани ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ ва иштироки фаъоли сокинон дар ободонии маҳалли зист мебошад.

Тавсеаи корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахт дар доираи тадбирҳои марбут ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, дар ин раванд саҳми сокинон, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллаҳо муҳим арзёбӣ мегардад.

Боиси хушбахтӣ аст, ки сокинони маҳалла низ бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар корҳои ободонӣ саҳм гузошта, ташаббусҳои созандаро дастгирӣ менамоянд. Чунин иқдомҳо на танҳо ба беҳтар гардидани симои маҳалла, балки ба баланд шудани сатҳи зиндагӣ, фароҳам омадани муҳити зебо ва муносиб барои сокинон ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ мусоидат мекунанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар идомаи ин раванд иҷрои босифат ва саривақтии корҳои роҳсозӣ ва ободониро таҳти назорати доимӣ қарор дода, барои татбиқи ташаббусҳои созанда дар маҳаллаҳои ноҳия тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.