«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» дар пойтахт оғоз гардид
22 август дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо иштироки сокинону меҳмонони пойтахт ва сайёҳони хориҷӣ «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» («Dushanbe Summer Fest – 2026») оғоз гардид.
Фестивал бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, баргузории он аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозоршинос» таъмин карда мешавад.
Чорабинии мазкур бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди истироҳату фароғат барои сокинону меҳмонони пойтахт, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳию фарҳангии шаҳри Душанбе ва дастгирии ташаббусҳои бахши хусусӣ роҳандозӣ шудааст.
Дар рӯзи аввали фестивал дар ҳудуди «Наврӯзгоҳ» барномаи гуногуни фарҳангӣ, фароғатӣ ва сайёҳӣ пешниҳод гардид. Меҳмонон аз намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, таом ва хӯришҳои миллӣ ва байналмилалӣ, шириниҳо, нӯшокиҳои гуногун, инчунин бозиҳои варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, намоишҳои театриву сиркӣ, сайру гашт тавассути асп ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ баҳравар шуданд.
Бегоҳӣ барномаи асосии «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо суханронии намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Зимни маросими ифтитоҳӣ ҳадафҳои баргузории фестивал, нақши чунин чорабиниҳо дар рушди сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт ва ҷалби бештари меҳмонону сайёҳон таъкид карда шуданд.
Қисмати фарҳангии рӯзи аввал бо барномаи бошукуҳи консертӣ идома ёфт. Дар саҳна сарояндагони маъруфи кишвар аз қабили Ашур Қурбонов, Шаҳло Ҳафизова, Барон, Нилуфари Сарбоз, Беҳрӯз Мирзоев, Нишонаи Рустам, Акмал Ошурмамадов, Ситораи Кароматулло, M.One ва Фариддуни Хуршед ҳунарнамоӣ карданд.
Ҳамчунин, дар доираи барномаи консертӣ сарояндаи машҳури хориҷӣ Севак бо иҷрои сурудҳои маъруфи худ ба иштирокчиёни фестивал руҳияи идона бахшид.
Дар ҷараёни барнома DJ бо пешниҳоди мусиқӣ фазои идонаро боз ҳам пуршукуҳ намуда, инчунин аз ҷониби сарпарастон ва шарикони ҳамкор бозиҳои бурднок, озмунҳо ва дигар барномаҳои фароғатӣ баргузор гардиданд.
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» идомаи анъанаи баргузории чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ ва фароғатӣ дар шаҳри Душанбе буда, ҳамчун майдони муаррифии фарҳанги миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва рушди хизматрасонӣ аҳамияти муҳим дорад.
Барномаи фестивал рӯзи 23 августи соли 2026 низ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» идома ёфта, барои сокинону меҳмонон барномаи рангину фароғатӣ ва консерти бошукуҳ бо иштироки ҳунармандони маъруфи тоҷик ва хориҷӣ пешниҳод мегардад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ