РӮЗИ ФАРҲАНГИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирами»-и шаҳри Душанбе рӯзи фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву адабӣ пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Дар чорабинии мазкур Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода ва дигар меҳмонону масъулин иштирок намуданд.
Зимни боздид меҳмонон аз намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос гардида, ба сатҳу сифати маҳсулоти пешниҳодшуда баҳои баланд доданд.
Ҳамзамон, аҳли фарҳанг ва ҳунармандони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангиву консертӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсу оҳангҳои миллӣ табъи иштирокчиёнро болида гардонида, фарҳангу суннатҳои неки миллати тоҷикро муаррифӣ намуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ