image

ИФТИТОҲИ ГАРМХОНАИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «СОДИҚОВ ҒУЛОМ»

date_range25.08.2026, 16:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye2

Имрӯз дар маҳаллаи Чилмехроби ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам ва Раиси ноҳияи Шоҳмансур Олимзода Сафар Маҳмадшо маросими ифтитоҳи гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Содиқов Ғулом» баргузор гардид. Гармхонаи мазкур дар масоҳати 1 гектар бунёд гардида, сохтмони он моҳи апрели соли 2026 ба анҷом расидааст. Гармхона бо 40 адад таҷҳизоти ҳавокашӣ, 200 адад радиатори гармидиҳандаи обӣ ва зарфи 40-тоннагии об барои низоми обёрии қатрагӣ муҷаҳҳаз буда, таҷҳизоти он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ворид карда шудааст. Дар фасли зимистон гармхона тавассути ангишти маҳаллӣ гарм карда мешавад.

Дар партави сиёсати созандаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар пойтахт ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ватанӣ тадбирҳои пайваста амалӣ карда мешаванд. Бунёд ва ба истифода додани чунин гармхонаҳо яке аз намунаҳои татбиқи ин иқдомҳо буда, дар таъмини бозори пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда саҳми муҳим мегузорад.

Дар гармхона асосан помидор, бодиринг ва қаламфури булғорӣ парвариш гардида, дар масоҳати як гектар 21 ҳазор ниҳол шинонида шудааст. Кишти зироатҳо ду маротиба дар як сол ба роҳ монда шуда, аз навъҳои помидори черри, аз ҷумла «Замира», «Харриёт» ва «Пинк Принс», инчунин навъҳои бодиринги «Смарт», «Прайм», «Отелло», «Орзу» ва дигар навъҳои маҳаллӣ истифода бурда мешавад. Дар мавсими аввали соли ҷорӣ парвариши помидор натиҷаҳои хуб ба бор оварда, ҳаҷми ҳосил 1100 сентнер-ро ташкил додааст, ки қисми он ба бозори дохилии шаҳри Душанбе пешниҳод гардидааст.

Айни ҳол дар гармхона мавсими дуюми парвариши помидор, бодиринг ва қаламфури булғорӣ идома дошта, ҷамъоварии ҳосили он моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назар аст. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти гармхона фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ буда, дар он 4 нафар корманди доимӣ ва 12 нафар корманди мавсимӣ ба корҳои истеҳсолӣ ҷалб гардидаанд.