БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ МУОСИР ДАР МАҲАЛЛАИ ЧОРТЕППАИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
26 августи соли 2026 дар маҳаллаи Чортеппаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу муҳташами миллӣ - 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино майдончаи варзишии муосир ба истифода дода шуд.
Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншооти варзишӣ, пеш аз ҳама, аз татбиқи сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарчашма мегирад.
Ҳадаф аз бунёди майдончаи мазкур фароҳам овардани шароити мусоид барои машғул шудан ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби сокинон, бахусус наврасону ҷавонон ба варзиш ва рушди инфрасохтори варзишӣ дар маҳалла мебошад.
Майдончаи варзишӣ бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи татбиқи барномаҳои давлатии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Зимни муаррифии иншоот таъкид гардид, ки солҳои охир бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба соҳибкорон ва ҷалби онҳо ба корҳои созандагиву ободонӣ, соҳибкорони ватанӣ дар бунёди корхонаҳои саноатӣ, иншооти варзишӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Майдончаи навбунёд бо дарназардошти талаботи замон ва эҳтиёҷоти сокинон муҷаҳҳаз гардида, дар ҳудуди он айвончаҳои истироҳатӣ барои мутолиаи китоб, инчунин ҷойҳои махсус барои бозии шоҳмот ва шашка ташкил карда шудаанд.
Ҳамзамон, барои машқҳои гуногуни ҷисмонӣ таҷҳизоти муосири варзишӣ, аз ҷумла тренажёрҳо, брус ва дигар лавозимоти зарурӣ насб гардидаанд. Ин имкониятҳо ба сокинони маҳалла имкон медиҳанд, ки ҳар рӯз ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шуда, саломатии худро таҳким бахшанд.
Зимни чорабинӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба соҳибкорон ва ташаббускорони бунёди майдончаи варзишӣ барои саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахт, рушди инфрасохтори варзишӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон изҳори сипос ва миннатдорӣ намуд.
Таъкид гардид, ки бунёди чунин майдончаҳои варзишии муосир дар маҳаллаҳо яке аз тадбирҳои муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароити муносиб барои истироҳату фароғати сокинон ба ҳисоб меравад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ