Ҳамкасбони гиромӣ, аҳли эҷод ва кормандони муҳтарами Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе»!
Ҳамкасбони гиромӣ, аҳли эҷод ва кормандони муҳтарами Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе»!
Имрӯз барои ҳар яки мо рӯзи воқеан хотирмон ва фараҳбахш аст. Зеро мо 30-солагии фаъолияти телевизиони пойтахтро ҷашн мегирем. Ин таърихи пуршараф аз ТВ «Пойтахт», ки 6 сентиябри соли 1996 ҳамчун телевизиони ҷамъиятӣ таъсис ёфта буд, оғоз гардида, имрӯз бо номи МД «Телевизиони Душанбе» идома дорад.
Дар тӯли се даҳсола телевизион роҳи пуршарафи рушду такомулро тай намуда, ба яке аз минбарҳои муҳими иттилоотӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии пойтахт табдил ёфт. Дар ин давра садҳо журналист, муҳаррир, коргардон, наворбардор, муҳандис, ровӣ ва дигар мутахассисони соҳа бо меҳнати содиқона дар рушди телевизион саҳм гузоштанд.
Имрӯз «Телевизиони Душанбе» бо истифода аз технологияҳои муосир, таҷҳизоти рақамӣ, студияҳои замонавӣ ва имкониятҳои пахши мустақим фаъолияти худро идома дода, симои воқеии пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе, дастовардҳои сокинон ва рӯйдодҳои муҳими ҷомеаро инъикос менамояд.
30 сол — ин танҳо як сана нест. Ин 30 соли меҳнат, эҷод, ҷустуҷӯ, таҷриба ва садоқат ба касб аст. Ҳар як барнома, гузориш, навор ва лоиҳаи телевизионӣ дар ин таърих саҳми эҷодкорони мост.
Ба муносибати ин ҷашни фархунда тамоми кормандони МД «Телевизиони Душанбе», собиқадорони соҳа ва ҳамаи онҳоеро, ки дар рушди телевизиони пойтахт саҳм гузоштаанд, самимона табрик менамоям.
Ба шумо саломатии комил, неруи созанда, илҳоми эҷодӣ ва дастовардҳои нав орзумандам. Бигзор «Телевизиони Душанбе» минбаъд низ ҳамчун минбари боэътимоди иттилоотӣ ва фарҳангии пойтахт рушд намуда, дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорад.
30-солагии фаъолияти МД “Телевизиони Душанбе” (Телевизиони Пойтахт) муборак бошад!
Оқилзода Маъруфҷон Холназар
Директори Муассисаи давлатии
"Телевизиони Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ