image

КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ КОРМАНДОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “НИГОҲДОРИИ БОҒУ ГУЛГАШТҲО, МАЙДОНЧАҲОИ ВАРЗИШӢ ВА БОЗИИ КӮДАКОНИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ” БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

date_range05.09.2026, 09:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye9

4 сентябри соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи илмӣ-амалии Муассисаи давлатии “Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе» бо иштироки директори Муассисаи давлатии “Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Латипов Оятулло, муовини раиси ноҳия Сафарзода Шодиҷон Мурод ва Абдулло Далер Абдулло вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муовини сармуҳарири нашрияи ҷумҳуриявии “Садои мардум”, иштирок ва суханрони карданд. 

Ҳадафи асосии конфронс таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарғиби арзишҳои даврони соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани масъулияти кормандон дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, инчунин саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ва нигоҳдории муҳити зисти обододу тозаи пойтахт ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Дар рафти ҷаласа инчунин масъалаҳои вобаста ба вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, беҳтар намудани ҳолати санитарии боғу гулгаштҳо, нигоҳдории босифати майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон, риояи интизоми меҳнат ва татбиқи нақшаҳои муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ, бо мақсади қадрдонии фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, як қатор кормандони фаъоли муассиса бо “Сипоснома” -и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Ҷаласа дар фазои ҳусни тафоҳум, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ баргузор гардида, иштирокчиён омодагии худро барои саҳмгузории боз ҳам бештар дар корҳои ободониву созандагӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.