ШОМИ ФАРҲАНГИИ «ШАҲДИ ИСТИҚЛОЛ» ДАР БОҒИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТИИ ФИРДАВСӢ
Шоми 4 сентябр дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии "Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон"-и ноҳияи Фирдавсӣ ва Муассисаи давлатии "Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ" шоми фарҳангии «Шаҳди Истиқлол» баргузор гардид.
Чорабинии фарҳангӣ бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон, кормандон ва таълимгирандагон баргузор шуда, ҳадаф аз он арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарғиби фарҳангу ҳунари миллӣ ва таҷассуми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Дар ҷараёни чорабинӣ санъаткорон барномаи рангини фарҳангиро пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт намуд. Суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу оҳангҳои миллӣ ва дигар барномаҳои ҳунарӣ ба шоми фарҳангӣ ҳусни хосса бахшида, фазои идона ва хотирмонро фароҳам оварданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстии ҷомеа, бахусус ҷавонон, аҳамияти муҳим дорад.
Муассисаи давлатии "Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон"-и ноҳияи Фирдавсӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе минбаъд низ дар баргузории барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ фаъолона иштирок намуда, барои таҷлили шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорад.
Шоми фарҳангии «Шаҳди Истиқлол» бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, суруру шодмонӣ ва эҳсоси ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол баргузор гардид.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ