image

ҶАШНИ БОШУКУҲИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range05.09.2026, 18:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye15

4 сентябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Умари Хайёми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни муқаддасу пуршукӯҳи миллӣ - 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Нахуст, дар даромадгоҳи боғ то саҳнаи чорабинии фарҳангӣ намояндагони соҳаҳои , маориф, тандурустӣ, ҷавонон,  ҳунарҳои мардумӣ, савдо ва хизматрасонӣ, корхонаҳои саноатӣ ва субъектҳои кишоварзӣ маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Ҳамчунин, меҳмонон аз намоишгоҳ дидан намуда, ба маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия баҳои баланд доданд.

Қобили зикр аст, ки дар чорабинии идона муовини раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродализода Далер Усмон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода, Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, собиқадорон, ходимони ҷамъиятӣ, сарбозону афсарон, омӯзгорон, сокинон, меҳмонон ва сайёҳони пойтахт иштирок намуданд.

Нахуст муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродализода Далер Усмон суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддасу пуршукӯҳи миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.

Зикр гардид, ки нақши таърихию мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таҳкими пояҳои истиқлолият дар кишвар, таъмини сулҳу субот дар даврони соҳибистиқлолӣ ва пешбурди ташаббусҳои созанда дар арсаи байналмилалӣ, инчунин муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ, хеле муҳим мебошад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки бо талошҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати некбинонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ба марҳилаи нави рушду пешрафт ворид гардидааст.

Маъруф гардид, ки сиёсати созанда ва бунёдкоронаи ин ду арбоби давлату миллат дар рушди шаҳри Душанбе нақши муассир гузошта, имрӯз пойтахти азизи Тоҷикистон рӯз то рӯз ободу зебо, пешрафта ва шукуфон гардида истодааст.

Дар навбати дигар Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Умед Гуреззода сокинон ва меҳмонони ноҳияро ба муносибати фарорасии ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, дар бораи нақши таърихию мондагори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино андешаронӣ намуд.

Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор фаъолони ноҳия, кормандон ва хизматчиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, инчунин ғолибони озмунҳои гуногун, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буданд, мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Сипас, барномаи рангини театрикунонидашудаи фарҳангӣ, ки бо ташаббуси шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино омода гардида буд, ба чорабинии идона шукуҳу таровати хос бахшид.