ДАР МАҲАЛЛАҲОИ "ГУЛПАРВАР-1", "ГУЛПАРВАР-2", "СОМОН-1" ВА "СОМОН-2" БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАРГУЗОР ГАРДИД
11 сентябри соли 2026 дар маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар он муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Шодиҷон, фаъолони маҳалла, намояндагони сохторҳои марбута ва сокинон иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар ин давра таҳти сиёсати созандаи роҳбарияти давлат корҳои назарраси ободонию созандагӣ амалӣ гардидаанд.
Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ва сокинони маҳалла баргузор шуда, суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу мусиқӣ ва дигар барномаҳои ҷолиб пешкаши ҳозирин гардиданд.
Ҳамзамон, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, корҳои дастӣ ва таомҳои миллии тоҷикӣ баргузор гардида, иштирокчиён бо намунаҳои фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ шинос шуданд.
Чорабинӣ дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ доир гардида, баёнгари эҳтиром ва ифтихори сокинон аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ