БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН” ДАР ПОЙТАХТ
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин, даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» миёни бонувони рӯзгордидаи шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт ҷамъбаст гардид.
Озмуни «Хушдомани беҳтарин» бо мақсади баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳифзкунандаи анъанаҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ ва рӯзгордорӣ, нақши хушдоман дар тарбия ва ташаккули шахсияти фарзандон, таҳкими муносибатҳои солим ва пойдории оила, пешгирии омилҳои манфии таъсиррасон ба муносибатҳои оилавӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ҳидояти онҳо дар нигоҳубин ва эҳтироми волидайн, мусоидат ба илмомӯзӣ, касбомӯзӣ ва тарғиби муносибати хуби оиладории хушдоман ҳамчун намунаи ибрат барои фарзандон, таҷрибаи пешқадами оилаҳои намунавӣ дар муносибатҳои байни хушдоман ва келин, пешгирии низоъҳои оилавӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва муносибатҳои нек байни аъзои оила баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» 6 оила иштирок намуда, ғолибон бо Диплом ва туҳфаи хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.
Дар фарҷом барои болидахотирии ҳозирин барномаи зебои фарҳангӣ баргузор гардид.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ