image

АНҶОМИ СИЛСИЛАХАТСАЙРҲОИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ

date_range07.10.2026, 12:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye8

Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои бои таърихию фарҳангӣ ва табиии кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ шурӯъ аз 18 июл то 3 октябри соли равон борои ҳайати кормандони сохторҳои шаҳрӣ силсилаи хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии кишвар ташкил карда шуд. 
Барномаи хатсайрҳо сафар ба самтҳои Душанбе – Рашт – Нуробод – Душанбе, Душанбе – Балҷувон – Ховалинг – Душанбе, Душанбе – Норак –Душанбе, Душанбе – Ромит – Душанбе, Душанбе – Айнӣ (Искандаркӯл) - Душанбе, Душанбе – Данғара – Восеъ – Кӯлоб – Муъминобод – Душанбе, Душанбе – Роғун – Душанбе ва Душанбе – Ҳисор – Душанберо дар бар гирифта, зимни сафарҳо иштирокчиён бо имкониятҳои сайёҳӣ, ёдгориҳоитаърихию фарҳангӣ, захираҳои табиӣ ва инфрасохтори сайёҳии минтақаҳои гуногуни кишвар аз наздик шиносои пайдо намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи ҳар як хатсайр баргузории ҳамоишҳои маърифатӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоиши филмҳои ватандӯстона, аз ҷумла «Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори давлати навини Тоҷикистон», «Эмомалӣ Раҳмон – ҳомии сулҳ дар ҷаҳон», «Марде аз сарнавишт», дарсҳои омӯзишӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, сабқатҳои экологӣ, аксияҳои ҳифзи муҳити зист ва чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ роҳандозӣ карда шуд. 
Ин ташаббус дар роҳи ташаккули муҳити мусоири сайёҳӣ ва баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти сайёҳии ватанӣ равона гардида, ҳамзамонбарои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии кормандоннақши муҳим мебозад. 
Татбиқи ин иқдом дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе ва бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии дохилӣ ба роҳ монда шуда, дар доираи он кормандони мақомоти шаҳр бо мавзеъҳои муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии мамлакат шинос шуданд.