БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ШАШКАВУ ШОҲМОТ МИЁНИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур ва МД Мактаби варзишии 1-и ноҳияи Шоҳмансур миёни наврасону ҷавонони ноҳия бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби сокинон, бахусус ҷавонон, мусобиқаи шашкаву шоҳмот гузаронида шуд. Ин чорабинӣ барои оммавигардонии намудҳои зеҳнии варзиш ва кашфи истиъдодҳои нави соҳа заминаи мусоид фароҳам овард.
Баргузории чунин мусобиқаҳои зеҳнӣ дар сатҳи ноҳия ба рушди тафаккури мантиқии наврасону ҷавонон ва истифодаи самараноки вақти холии онҳо кумаки ҳамаҷониба мерасонад. Ғайр аз ин, ин ташаббусҳо барои таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуби ҷомеа мусоидат намуда, рӯҳияи солиму фаъолро дар байни онҳо ташаккул медиҳад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ