ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ» БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омодагӣ ва баргузории озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе», қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 октябри соли 2026, №431 ба тасвиб расид.
Тибқи қарори мазкур, озмун бо мақсади таҳкими ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба пойтахти мамлакат, муаррифии дастовардҳои шаҳри Душанбе ва ҷалби сокинон ба корҳои созандагию ободонӣ баргузор карда мешавад.
Дар ин замина, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ барои баргузории даври ноҳиявии озмун корҳои омодагӣ ҷараён дошта, масъалаҳои ташкилӣ, ҷалби довталабон ва қабули ҳуҷҷатҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор доранд.
Аз тамоми довталабон даъват карда мешавад, ки барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зарурии худро то 1 ноябри соли 2026 ба Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.
Иштирок дар озмун имконияти хубест барои муаррифии иқтидори эҷодӣ, ташаббусҳои созанда ва муҳаббат ба пойтахти азиз — шаҳри Душанбе.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ