БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ МД "ТЕЛЕВИЗИОНИ ДУШАНБЕ" ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ 9 МОҲИ СОЛИ 2026
Бо иштироки роҳбарият ва ҳайати эҷодиву техникии Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” дар толори калони муассиса ҷаласаи ҷамъбастии ин шабакаи телевизионӣ доир ба фаъолияти 9 моҳа баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳайати эҷодиву техникии “Телевизиони Душанбе” дар давоми 9 моҳи соли 2026 тамоми рўйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа, бахусус шаҳри Душанберо ҳамарӯза тавассути барномаҳои иттилоотӣ, сиёсиву таҳлилӣ ва фарҳангиву фароғатӣ инъикос намудаанд.
Зимни ҷаласа нахуст роҳбарони идора ва шуъбаву бахшҳои телевизион доир ба фаъолияти анҷомдода ҳисобот доданд.
Зикр рафт, ки дар ин давра 936 нашри барномаи иттилоотӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода ва пешниҳоди бинандагон гардидааст.
Раванди татбиқи нишондоди Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва шарҳу тавзеҳи он ба сокинон ва кормандони касбу кори гуногун тавассути 85 гузориш мавриди инъикос қарор дода шуд.
Дар давоми 9 моҳи соли 2026 аз ҷониби кормандони Идораи барномаҳои сиёсӣ ва таҳлилӣ 112 барнома ва 2 филми мустанад омода ва пешкаши тамошобинон гардонида шудааст.
Дар ин давра се лоиҳаи нави телевизионӣ бо номи “Меҳвари иттилоот”, “Набзи иқтисод” ва “Тамаддун ва ҷомеа” дар ин идора рӯйи кор омадааст.
Дар 9 моҳи соли равон аз ҷониби Идораи фарҳангӣ ва барномаҳои мусиқӣ 289 барнома, 7 филми мустанад, 2 очерк, 17 ролик ва 10 лавҳа омода ва пешкаши бинандагон гардидааст.
Бояд гуфт, ки ҳама чорабиниҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки дар пойтахт баргузор мегарданд, бо истифода аз студияҳои сайёри Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” сабт гардида, ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Аз ҷумла, дар давоми нуҳ моҳи соли 2026 бо истифода аз студияи сайёри калон 15 чорабинӣ ва бо студияи сайёри хурд 59 чорабинӣ сабт карда шудаанд.
Директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” Маъруфҷон Оқилзода бо натиҷагирии кори муассиса андешаронӣ намуда, афзуд, ки бо дастгирии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муассиса соҳиби бинои нав гардидааст, ки ҳоло дар он шароити муосири кору фаъолият фароҳам шудааст. Аз ин рӯ тақозо гардид, ки раванди фаъолият беҳтар ба роҳ монда шуда, барномаҳои ҷолибу диданӣ пайваста омода ва пешниҳоди бинандагон гардад.
Ҳайати эҷодӣ ва техникии “Телевизиони Душанбе” назди худ мақсад гузоштанд, ки минбаъд низ фаъолиятро ҷиҳати инъикоси ҳамаҷонибаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо пешниҳоди барномаҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир беҳтар намоянд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ