image

ВОХӮРИИ РАИСИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО БО РОҲБАРИ «IRIS MEDIA»

date_range19.10.2026, 07:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye4

16 октябр дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумита Саидзода Носир бо роҳбари гурӯҳи расонаҳои хабарии «IRIS Media Press Services»-и Амороти Муттаҳидаи Араб Ҷамол Ал-Муҷойида баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи воситаҳои ахбори омма, истифодаи самараноки имкониятҳои расонаҳои муосир ва фазои маҷозӣ, инчунин густариши ҳамкории иттилоотӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.