image

Дар шаҳри Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид

date_range19.10.2026, 08:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye4

17 октябр дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни бостонии тоҷикон — Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.

Дар ҷашнгоҳ кишоварзони мамлакат бо манораҳо ва ороишоти махсус навъҳои гуногуни зироат, меваю сабзавот ва маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла харбузаву тарбуз, ангур, хурмою анор ва дигар неъматҳоро пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт намуданд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллии гуногун омода ва пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуданд.

Дар гӯшаи дигари боғ намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки ҳар кадоми онҳо ифодагари меҳнати дастии ҳунармандон мебошад. Сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе барои боздид аз ин намоиши пуршукӯҳ гурӯҳ-гурӯҳ ба боғ ворид шуда, аз тамошои неъматҳои пурсахои сарзамини офтобрӯя-Тоҷикистон баҳра мебурданд.

Ҳадаф аз баргузории ҷашни мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқонон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши навъҳои гуногуни меваҷоту сабзавот ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаи пешқадами деҳқонӣ мебошад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ соли равон дар 845,3 ҳазор гектар кишти зироат гузаронида шудааст. Аз ин майдон зироати ғалладонагӣ 369,1 ҳазор гектар, зироати техникӣ 187,3 ҳазор гектар, картошка 68 ҳазор гектар, сабзавот 77,4 ҳазор гектар, полизиҳо 25 ҳазор гектар ва зироати хӯроки чорво 118,1 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд.

То 1 октябри соли равон истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1,4 миллион тонна, пахта 206 ҳазор тонна, картошка 1,03 миллион тонна, сабзавот 2,8 миллион тонна, полизӣ 1,1 миллион тонна, мева 710 ҳазор тонна ва ангур ба 279 ҳазор тонна расонида шуд.

Тавре аз Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд, дар нуҳ моҳи соли равон 24 452 тонна шолӣ аз кишти асосӣ ва 18 825 тонна аз кишти такрорӣ истеҳсол гардидааст. Инчунин то 1 октябр 710 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ шудааст, ки аз он 229 ҳазор тоннаашро себ ва 279 ҳазор тоннаашро ангур ташкил медиҳад.

Занбӯрпарварӣ низ яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб рафта, ҳоло дар мамлакат 262 ҳазор оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст. Дар нуҳ моҳи соли 2026 дар ҷумҳурӣ 3530 тонна асали аълосифат истеҳсол карда шуд.

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Маҳз таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошти ин сунатҳо буд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Меҳргон аз нав бо тамоми шаҳоматаш эҳё гардида, ба қатори беҳтарин ҷашнҳои миллӣ ворид шуд.

Дар ҷамъбасти Ҷашни Меҳргон ба кишоварзони фаъоли мамлакат аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки имсол ҷашни Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали занбӯрпарварон, Намоиш ва фурӯши асал, Фестивали «Оши палов», Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ ва Иди тарбуз, харбуза, каду, себ ва ангур таҷлил гардид.