Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур муовини якуми раиси ноҳия, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, сохторҳои қудратӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Иҷлосия мутобиқи Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даъват шуда, бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Пас аз интихоби ҳайати Котибот, Комиссияи таҳрирӣ ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум ба дида баромадани масъалаҳои рӯзнома шуруъ намуд.
Ба муҳокима дар рӯзномаи иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум дар бораи татбиқи Нақшаи амали «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ин самт; Дар бораи ҳисоботи муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе; Дар бораи татбиқи «Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029», баррасӣ гардиданд.
Зимни баррасии масъалаҳои рӯзнома ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти ноҳия муҳокимаҳои судманд сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Ҳамзамон, Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо ба масъулини соҳаҳо ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027, дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки корҳои ободонию созандагӣ дар тамоми шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия вусъат бахшида шуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ба сокинон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ анҷом бахшид.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ