image

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТИ ШАҲРӢ МИЁНИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД

date_range21.10.2026, 08:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye9

20 октябр дар бинои шаҳрдории Тошканд мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом бо муовини ҳокими шаҳри Тошканд Бахтиев Абдураҳмон Абдурашидович баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои шарикӣ миёни пойтахтҳои ду кишварро дар соҳаи нақлиёти шаҳрӣ баррасӣ намуда, доир ба имкониятҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва табодули таҷрибаи пешқадам дар самти рушди нақлиёти ҷамъиятӣ табодули афкор карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони шаҳри Тошканд ба таҷрибаи шаҳри Душанбе дар самти гузариш ба истифодаи нақлиёти ҷамъиятии аз лиҳози экологӣ тоза таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъалаҳои марбут ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, дар идомаи рӯз ҳайати шаҳри Душанбе аз марказҳои хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Тошканд боздид намуда, бо фаъолияти онҳо, тарзи ташкили хизматрасонӣ ва таҷрибаи мавҷуда дар соҳаи идоракунии нақлиёти шаҳрӣ аз наздик шинос гардиданд.

Инчунин, ҳайати шаҳри Душанбе бо низоми пардохти роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Тошканд шинос шуда, бо тартиби истифодаи воситаҳои электронии пардохт, аз ҷумла кортҳои нақлиётӣ ва усулҳои пардохти ғайринақдӣ аз наздик ошноӣ пайдо намуд.