image

ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР ВОХӮРӢ ОИД БА ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «ШАҲРВАНДИ ФАЪОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД

date_range23.10.2026, 17:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye9

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Олимзода Сафар Маҳмадшо ва директори КВД «Smart City» Самадзода Саъди Хайрулло, инчунин роҳбарони сохторҳои дахлдори ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он масъалаҳои татбиқ ва истифодаи самараноки барномаи мобилии «Шаҳрванди фаъол», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 6 августи соли 2026 қабули дархостҳои сокинонро тавассути барномаи мобилии «Шаҳрванди фаъол» оғоз намуд. Барномаи мазкур платформаи ягонаи рақамӣ барои иртиботи шаҳрвандон бо сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, ба сокинон имкон медиҳад, ки дархосту пешниҳодҳои худро бо нишон додани суроға, макони ҷуғрофӣ ва замимаи аксҳо ирсол намоянд.

Зимни вохӯрӣ ба роҳбарони сохторҳои дахлдор оид ба тартиби кор бо дархостҳои воридшаванда ва таъмини баррасии саривақтии онҳо тавсияҳои зарурӣ дода шуданд. Барномаи «Шаҳрванди фаъол»-ро сокинон метавонанд аз App Store ва Google Play ройгон зеркашӣ намуда, барои иртиботи мустақим бо сохторҳои дахлдор истифода баранд.