image

САФАРИ КОРИИ ҲАЙАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ

date_range03.11.2026, 17:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye9

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзҳои 2-6 ноябри соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Корея сафари кори анҷом медиҳанд.
Дар доираи ин сафар ҳайати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзҳои 2-3 ноябри соли равон бо ёвари вазири замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея Ким Сеок-Ҷӣ ва  дигар шахсони расмии Ҷумҳурии Корея мулоқотҳои судманду натиҷабахш анҷом доданд. 
Дар натиҷаи музокиротҳои анҷомшуда "Протоколи музокира байни Вазорати
замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея ва Мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оғози татбиқи амалии лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҳушманд дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон" ба тасвиб расонида шуд. 
Лоиҳаи баимзорасида ҷиҳати ҷалби маблағҳои грантии Ҷумҳурии Корея дар ҳаҷми то 1,9 миллион доллари ИМА ба рушди нақлиёти ҳушманд дар шаҳри Душанбе шароит фароҳам месозад.
Ҳамзамон, боздидҳои омӯзишӣ аз Иститути илмию тадқиқотии ҳаракати нақлиёт, Маркази иттилооти нақлиётии вилояти Кёнгидо ва гуруҳи нақлиётии KD Transportation Group ва Институти Корея анҷом дода шуданд.
Зимни боздидҳо ба масъалаҳои истифодаи низомҳои интеллектуалӣ барои мониторинг ва идоракунии ҳаракати нақлиёт, таҳлили маълумоти нақлиётӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ, идоракунии инфрасохтори роҳ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. 
Натиҷаҳои асосии мулоқотҳо, боздидҳо ва имзои санади болозикр чунин мебошанд:
- баррасии густариши ҳамкориҳои байналмилалии шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар низоми рушди нақлиёти шаҳрӣ бо ҳамтоёни баландпояи кореягӣ;
- ҷалби сармояи грантӣ дар ҳаҷми то 1,9 миллион доллари ИМА барои боз ҳам баланд бардоштани идоракунии ҳушманди нақлиёти шаҳрӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар шаҳри Душанбе;
- баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони низоми нақлиётии шаҳри Душанбе;
- тақвияти зарфиятҳои институтсионалии ниҳодҳои масъули соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе;
- ворид ва ҷорӣ намудани қарорҳо ва таҷрибаҳои муосири нақлиётӣ дар идоракунии нақлиётии шаҳри Душанбе;
- саҳмгузорӣ дар густаришии ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея.