image

ҲАЙАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ТАҶРИБАИ ПЕШҚАДАМИ ЛОНДОН ДАР САМТИ РУШДИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ САЙЁҲӢ ШИНОС ШУД

date_range06.11.2026, 16:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye9

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Лондон ва иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии World Travel Market London, намояндаи шаҳри Душанбе бо имкониятҳои сайёҳӣ, таҷрибаи ташкили инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва усулҳои пешрафтаи хизматрасонӣ ба сайёҳон дар шаҳри Лондони Британияи Кабир шинос гардид.

Зимни боздид ҳайат аз хизматрасониҳои автобусҳои сайёҳии дохилишаҳрии BIG BUS TOUR истифода намуда, бо таҷрибаи ташкили хатсайрҳои махсуси сайёҳӣ, низоми ҳаракати автобусҳо, ҷойгиршавии истгоҳҳои махсус, тарзи пешниҳоди маълумот оид ба мавзеъҳои ҷолиби шаҳр ва механизми хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ шинос шуд.

Махсусан, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти автобусҳои сайёҳӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Аз ҷумла, имкониятҳои истифодаи роҳнамои савтии овозӣ (аудиогид) бо забонҳои гуногун, пешниҳоди маълумоти таърихию фарҳангӣ дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ, истифодаи харитаҳои рақамӣ, низоми иттилоотии хатсайрҳо ва воситаҳои электронии дастрасӣ ба хизматрасониҳо аз таҷрибаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон, таҷрибаи ташкили истгоҳҳои махсуси автобусҳои сайёҳӣ, муайян намудани нуқтаҳои асосии таваққуф дар назди мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ҷойгир намудани аломатҳои роҳнамо ва лавҳаҳои иттилоотӣ, инчунин фароҳам овардани имконияти саворшавию фаромадани мусофирон дар нуқтаҳои муайян омӯхта шуд.

Дар ин замина, яке аз самтҳои муҳими омӯзиши таҷрибаи Лондон истифодаи он дар такмили фаъолияти RED BUS TOUR дар шаҳри Душанбе мебошад. Аз ҷумла, роҳандозии низоми муосири иттилоотию рақамӣ, ҷорӣ намудани аудиогид бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, такмили хатсайрҳо, муайян намудани истгоҳҳои махсус дар назди мавзеъҳои муҳими сайёҳӣ ва фарҳангӣ, инчунин беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ метавонад ба рушди минбаъдаи ин маҳсулоти сайёҳии пойтахт мусоидат намояд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар шаҳри Душанбе шурӯъ аз соли 2024 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе лоиҳаи автобусҳои сайёҳии дуқабата бо номи «Red Bus Tour» аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии «Somon Travel» ва «King Tour» мавсимӣ роҳандозӣ гардида, мавриди таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахт қарор дорад. 

Дар идомаи шиносоӣ ҳайат аз кӯчаи сайёҳии Лондон низ боздид намуда, бо таҷрибаи ташкили чунин маконҳо ҳамчун фазои муаррифии фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти дастӣ, таомҳои миллӣ ва хизматрасониҳои сайёҳӣ шинос гардид.

Дар ин макон имконият фароҳам оварда шудааст, ки сокинону меҳмонони шаҳр дар як муҳити фароғатӣ бо анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва фарҳанги ғизои минтақаҳои гуногун ошноӣ пайдо намоянд. Тарзи ташкили чунин кӯчаҳо, ҷобаҷогузории нуқтаҳои хизматрасонӣ, ҷалби ҳунармандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати меҳмонон низ аз ҷанбаҳои қобили омӯзиш ба ҳисоб меравад.

Таҷрибаи мазкур метавонад дар татбиқи ташаббусҳои нави сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла ташкили кӯчаҳои махсуси сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таомҳои миллӣ ва фароҳам овардани фазои ҷолибу муосир барои сайёҳон мавриди истифода қарор гирад.

Дар маҷмӯъ, шиносоӣ бо таҷрибаи шаҳри Лондон имкон дод, ки ҳайати Душанбе бо роҳу усулҳои муосири ташкили хизматрасониҳои сайёҳии шаҳрӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ, рушди хатсайрҳои автобусӣ ва ташкили маконҳои махсуси фарҳангию сайёҳӣ аз наздик ошно гардад.

Омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи муфиди байналмилалӣ, бо дарназардошти имкониятҳо ва хусусиятҳои хоси шаҳри Душанбе, метавонад барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, ғанӣ гардонидани маҳсулоти сайёҳии пойтахт ва тақвияти мавқеи он ҳамчун яке аз марказҳои муҳими сайёҳии минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.