image

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range06.11.2026, 08:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye7

5 ноябри соли 2026 дар кӯчаи Асадулло Ғуломови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки муовинони раиси ноҳияи Сино Ситора Сафаралзода, Мунир Шарофиддинзода,  Шарофиддин Сабзов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Шералӣ Мирзоализода ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолон ва сокинон маросими ифтитоҳи майдончаи варзишии замонавӣ баргузор гардид.

Иншооти нави варзишӣ дар партави сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри дар амал татбиқ намудани Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026, инчунин татбиқи тарзи ҳаёти солим бо ташаббус ва саҳми соҳибкори ватандӯст ҶДММ "Бинокори шаҳр" Саймуддин Абдулҳаққов" бунёд гардида, боз як иқдоми созанда дар самти ободонии муҳити зист, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон ба шумор меравад.

Зимни маросими ифтитоҳ таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити зарурӣ барои машғул шудан ба варзиш, бахусус дар минтақаҳои  аҳолинишин яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар тарбияи ҷисмониву маънавии наврасону ҷавонон ва ташаккули тарзи ҳаёти солим нақши муассир мегузорад.

Масъулон ба сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда ва шароити фароҳамовардашуда баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуданд, ки майдончаи мазкур минбаъд ба макони дӯстдоштаи наврасону ҷавонон ва дигар дӯстдорони варзиш табдил ёфта, барои баргузории машқу тамрин ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ хизмат хоҳад кард.

Ҳамзамон, ба соҳибкорон ва ташаббускорони бунёди иншооти мазкур барои саҳми арзандаашон дар ободонии ноҳия ва дастгирии иқдомҳои иҷтимоӣ изҳори сипос карда шуд. Таъкид гардид, ки чунин ташаббусҳои созанда намунаи возеҳи ҳамкории судманди соҳибкорон бо мақомоти маҳаллӣ буда, дар беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ нақши муҳим доранд ва аз дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумат нисбат ба соҳибкорон мебошад.

Бояд гуфт, ки бунёд ва мавриди истифода қарор додани майдончаҳои варзишӣ дар пойтахт на танҳо ба рушди варзиши оммавӣ мусоидат менамояд, балки заминаи мусоидро барои ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои судманд, таҳкими дӯстиву рафоқат ва пешгирии омилҳои номатлуб фароҳам меорад, зеро ҳар як майдончаи варзишӣ танҳо як иншооти муқаррарӣ набуда, балки макони ташаккули руҳияи солим, иродаи қавӣ, дӯстӣ ва тарбияи насли ояндасози ҷомеа мебошад.