"Истиқлол-омили рушди фарҳанги миллӣ". Баргузории ҳамоиши илмии амалӣ дар факултети филологияи ДМТ
Дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, таҳти унвони "Истиқлол-омили рушди фарҳанги миллӣ" ҳамоиши илмии амалӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши илмии амалӣ таҳти унвони "Истиқлол-омили рушди фарҳанги миллӣ" дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зикр шуд, ки Истиқлоли миллӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳодисаи нодир ва бесобиқа маънидод мегардад.
Дар расми ифтитоҳи ҳамоиш ректори ин муассисаи олии таълими Қобилҷон Хушвахтзода зикр намуд, ки маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва баъдан ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми сарбаланди тоҷик тавонистанд пояҳои асосии давлатдориро мустаҳкам намуда, пайи беҳдошти арзишҳои миллӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон камари ҳиммат бубанданд. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақомоти миллӣ гирифт ва ин имкон дод, ки махзани илму дониш дар ҳама самтҳои фаъолияти худ, пеш аз ҳама дар раванди таълиму тарбия ва илм ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардад.
Дар идомаи ҳамоиш олимону донишмандони соҳаи филология оид ба зарурати таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд.
Ҳамчунин дар чорабинӣ китоби “Дастовардҳои факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони Истиқлол”, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси декани факултети филология, доктори илмҳои филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ аз чоп баромад, муаррифӣ гардид. Китоби мазкур дастовардҳои илмию омӯзгорӣ, таълимию ҷамъиятии устодону кормандон ва зумрае аз хатмкунандагони факултетро дар замони Истиқлоли давлатӣ дар бар мегиранд. Китоби "Дастовардҳои факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони Истиқлол” зери назари академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ба чоп омода гашта, аз пешгуфтор ва се бахш иборат мебошад. Воқеан ҳам, китоби мазкур дастовардҳои муҳимми факултети филологияро бозгӯӣ карда, саҳифаҳои таърихӣ ва масъалаҳои гуногуни худшиносию ватандӯстиро дар бар мегирад.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ