Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Дар таърихи ташаккули ҳар як давлату миллат рӯзҳои таърихие мавҷуданд, ки нақши он дар таҳаввулоти давлатдорӣ барҷаста ва хеле назаррас мебошанд.
Миллати куҳанбунёди тоҷик, ки ҳазорсолаҳо қабл давлатдору давлатсоз буд, бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва муттаҳид шудан дар атрофи Роҳбари интихобкардаи хеш, анъанаҳои давлатдориро дар ҳоли дубора эҳё намудан мебошад.
Тавре маълум аст, тибқи тағйироти воридгардида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола дар кишварамон 16 ноябр ҳамчун – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Ин Рӯзи таърихӣ, бешубҳа, барои миллати тоҷик муқаддас буда, тавассути он мо эҳтиром ва арҷгузории бесобиқаи худро ба Президенти маҳбуби кишвар баён месозем.
Воқеан, тавлиди чунин як Рӯзи барои халқи кишвар муҳим ба таърихи соҳибистиқлолии кишварамон тавъам буда, аз нахустин рӯзҳои он сарчашма мегирад.
Тавре огаҳи дорем аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри маданияти ба номи Саидхӯҷа Урунхӯҷаеви вилояти Суғд Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба бахти миллати тоҷик, дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз вакилон якдилона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - сиёсатмадори ҷавон, марди оқилу шуҷоатпешаро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарвари давлати тоҷикон интихоб карданд.
Маҳз ба шарофати Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фидокориҳои нотакрори Сарвари давлат дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қатъ гардида, давлат аз нобудӣ ва миллат аз парокандагӣ раҳоӣ ёфт.
Дар Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барқарор карда шуда, асосҳои сохти давлатдории муосир – давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд ва рушди устувори иқтисодӣ таъмин гардид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуруди худ ба саҳнаи сиёсати давлати тоҷикон ҳамчун шахсияти мардумӣ, худогоҳ ва сулҳофар тавонистанд дар як муддати аз нигоҳи таърихӣ начандон тулонӣ сулҳу ваҳдатро дар мамлакат барқарор намуда, низоми муайяни идоракуниро рушд диҳанд.
Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ ва маҳорати камназири сиёсатмадорӣ дар як муддати кутоҳи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонид.
Ин буд, ки 6 ноябри соли 1994 бо эътимоди комил дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, 16 ноябри соли 1994 ба мардуми Тоҷикистон савганд ёд карда, ба фаъолияти корӣ ба ҳайси Президенти мардумӣ шуруъ намуданд.
Бешубҳа, ин рӯзи таърихӣ ба санаи тақдирсозу муайянкунандаи рушди дурахшони минбаъдаи Тоҷикистон мубаддал гардид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи Сарвари давлат интихоб шудан ва то имрӯз ҳар лаҳзаи умри пурбаракати худро барои бунёдкорӣ, созандагӣ ва ҳифзу тарғиби арзишҳои волои миллии ин сарзамини куҳанбунёдамон равона сохта, барои ба наслҳои ояндаи миллату давлати тоҷикон ба мерос гузоштани як мамлакати пешрафта ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд.
Фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёд ва таҳкими сулҳу субот, таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳамчун асари мондагор дар саҳифаҳои таърихи миллати тамаддунофари тоҷик бо ҳарфҳои заррин нақш бастааст.
Ҳоло, бо гузашти беш аз сӣ соли даврони соҳибистиқлолӣ ва ба даст овардани комёбиҳои беназир дар ҳамаи ҷабҳаҳои давлату ҷомеа, бори дигар собит гардид, ки ҳамаи ин дастовардҳо ба талошу заҳматҳои абармарди арсаи сиёсат, асосгузор ва меъмори сулҳу ваҳдат, шахсияти барҷастаи таърихӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад.
Маҳз тавассути сиёсати оқилонаю хирадмандона ва заҳмату кӯшишҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат мардуми шарифи кишвар зери ливои сулҳ ва ваҳдат сарҷамъ омада, имрӯзҳо дар роҳи рушди устувор ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мезанад.
Мардуми қадршиносу шукргузори мо ва давлату Ҳукумати мамлкат фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба мушкилтарин марҳалаи давлатдории тоҷикон рост омад, қадршиноси карда, Ӯро шоистаи унвонҳои Қаҳрамони Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат донистанд.
Дар марҳилаи нави рушди давлату давлатдорӣ Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари оқилу ғамхор ва Пешвои хирадманди худ ба оромтарину босуботтарин кишвари ҷаҳон табдил ёфта, бо азму иродаи матин ба сӯйи ояндаи шукуфон роҳ паймуда истодааст.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд.
Воқеан, таҷлили чунин як ҷашни пуршукӯҳ пеш аз ҳама, тантанаи андешаи миллӣ, шукргузорӣ ва қадрдонии волои хизмату заҳматҳои беназири фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бо ниятҳои нек кулли мардуми шарифи кишвари азизамонро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат хушбахтӣ, файзу баракат ва некуаҳволӣ, инчунин, ба Сарвари маҳбубамон тансиҳатӣ ва дар идомаи амалисозии рисолати бузурги давлатдориашон нерую бурдбориҳои нав таманно дорам.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ