image

“Шоиру шеъре агар ҳаст...” баҳри поси хотираи шоири ширинкалом Бозор Собир дар пойтахт чорабинии фарҳангӣ доир гардид

date_range21.11.2023, 10:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye363

Устод Бозор Собир ҳаёти худро ба рушди адабиёту забони миллат бахшид. Ӯ бо нардбони маърифат ба фатҳи кибриёи шеъри ноб мушарраф гардид. Воқеан, ин эҷодкори маҳбубу фарҳехта дар осмони илму адаб бо эъҷози осори камназиру мондагораш кавкаби дурахшонеро мемонад, ки дурахши он заволнопазир аст.

Бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти устод Бозор Собир дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 бо иштироки шориону нависандагон ва дӯстдорони ашъори ӯ чорабинии фарҳангӣ доир гардид.

“Шоиру шеъре агар ҳаст...” таҳти чунин унвон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати поси хотираи дорандаи ордери ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи 3, барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Бозор Собир дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҳфили адабӣ доир карда шуд. Дар кори он муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода шоирону нависандагон ва дӯстдорони ашъори ин шоири зиндаёд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қабл аз маросими ифтитоҳи ҳамоиш порчае аз филми мустанад доир ба ҳаёт ва фаъолияти Бозор Собир ба намоиш гузошта шуд. Маврид ба зикр аст, ки осори Бозор Собир ёдгори бегазандест аз рӯзгори ибратомӯзаш. Месазад, ки мо ҳар лаҳза аз шоири бемисл бо муҳаббат ёд оварем, аз эҷодиёти ӯ сабақи зиндагиро омӯзем. Ҳар чакомаи ӯ пайғоми муҳаббату вафодорист. Агар гӯем, ки аз эъҷози каломи волои Бозор Собир гулистони адабиёту фарҳанги мо боз ҳам назаррабову ботароваттар гардид, пас сухан ба газофа нарондаем.

Сипас муовини Раиси шаҳри Душанбе ба сухан баромада чорабинии навбатиро бо суханони пурмуҳтаво дар васфи ин шоири ширинкалом оғоз намуд.

Қайд намуд, ки Бозор Собир на танҳо шоири халқи тоҷик балки шоири сатҳи ҷаҳонист ва нақши ӯ дар шинохти шеъри тоҷик дар ҷаҳон хеле бузург аст. Чакомаҳои равону мондагори шоири маҳбубу маъруфи миллат устод Бозор Собир ба забонҳои русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, гурҷӣ, украинӣ, қазоқӣ, туркманӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.

Ҳар сатр ва ҳар чакомаи устод Бозор Собир вазн дорад, тамкин дорад, бори маънӣ мекашад, дар дилу зеҳни хонанда эҳсоси худафрӯзиро таҳким мебахшад. Чакомаҳои ӯ пероста аз зару зевари маъниҳои тоза мебошанд. Баъд аз суханони пурмазмун ва пурмуҳтаво дар ин чорабинии адаби-фарҳангӣ барномаи консертӣ низ бо иштироки сарояндагон, ки пурра сурудҳояшон аз ашъори ин шоири абармард гирифта шудаасат, доир карда шуд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"