Ифтитоҳи озмоишгоҳҳои таълимӣ дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ ду озмоишгоҳи замонавӣ бо тамоми шароити таълиму тадрис ифтитоҳ гардид. Дар расми ифтитоҳи озмоишгоҳҳои навбатӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуда, тақдими ингуна озмоишгоҳҳоро дар донишгоҳ амри зарурӣ донистанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 як миллион сомонӣ барои харидории асбобу таҷҳизотҳои муосири соҳавӣ ҷиҳати ташкили озмоишгоҳҳои замонавии таълимӣ ҷудо карда шуда буд. Ҳамакнун ин озмоишгоҳҳо бо шароити муосири таълим ва таҷрибаомӯзӣ пурра омода мебошанд.
Имрӯз бо ифтихор метавонем бигӯем, ки озмоишгоҳҳои таълимии дар факултети геология аз лиҳози сатҳи таъминот бо асбобу таҷҳизоти таълимию илмӣ дар байни макотиби оли ҷойгоҳи хосаро доро гаштаанд. Алҳол, дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чор озмоишгоҳҳои таълимӣ ва таълимӣ-таҳқиқотӣ амал мекунанд, ки баҳри омода намудани мутахассисони самтҳои гуногуни соҳаҳои геология, куҳию куҳкорӣ ва истифодаю ҳифзи захираҳои обии кишвари азизамон фаъолият доранд.
Дар назди кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок бо асбобу таҷҳизотҳои нави замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Озмоишгоҳи мазкур барои омӯхтани сохти макроскопию микроскопии ҷинсҳои куҳӣ ва маданӣ аз конҳои мавҷудаи ҳудуди кишвар ва берун аз он дарёфтшуда мусоидат менамояд. Устодон ва донишҷӯён дар раванди дарсҳои амалӣ аз он васеъ истифода мебаранд. Ҳамчунин, ин озмоишгоҳ барои гузаронидани таҳқиқотҳои геофизики, усулҳои гуногуни омӯзиш ва дастрас намудани конҳои нафту газ ва конденсатҳо нақши муҳим мебозанд. Дар омӯзишгоҳи мазкур инчунин аспирантон, магистрантон ва докторони PhD низ метавонанд, бо истифода аз асбобу таҷҳизоти муҷаҳҳаз дар ин ҷо корҳои илмии хешро ба сомон расонанд.
Сипас дар толори донишгоҳ бо иштироки роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҷаласа доир карда шуд зимни ифтитоҳи ҳамоиши мазкур роҳбарияти донишгоҳ иштирокдоронро бахшида ба рӯзи касбии «Геологҳои тоҷик», ки ҳамасола 9-уми декабр дар кишвар ҷашн гирифта мешавад таҳният гуфта, ифтитоҳи ин озмоишгоҳҳоро дар факултети геология иқдоми наҷиб дониста истифодаи онро дар оянда ба рӯшди ин соҳа марбут донистанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз соли 2011 то ин дам 24 озмоишгоҳ ифтитоҳ гардидааст, ки аз ин шумора 13 тои он ба соли 2023 рост омадааст.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ