image

Маросими ҷамъбасти олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ҷоизасупорӣ ба омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ

date_range21.12.2023, 10:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye333

 20-уми декабр дар толори Кохи Суруши шаҳри Душанбе маросими ҳавасмандгардонӣ ва ҷоизасупории давраи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2023 баргузор гардид. Дар ҷараёни он як қатор омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Дар оғози маросими ҷамъбасти олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони фаъол дар ҳаракати олимпӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ изҳор дошт, ки агар то соли 2010 дар ҷумҳурӣ як Олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфи 11) гузаронида мешуд, айни замон 24 намуди олимпиадаҳо барои зинаҳои дуюм ва сеюми таҳсилот, аз ҷумла синфҳои аз 5 то 11 дар алоҳидагӣ олимпиадаҳои фаннӣ баргузор карда мешавад.

Сипас маросими ҷоизасупории олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва омӯзгорони фаъол дар ҳаракати олимпӣ шуруъ гардид. Тавре, ки иттилоъ дода шуд дар ин рӯз дар маросими ҳавасмандгардонӣ ва ҷоизасупории олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ дар соли 2023 дар маҷмуъ 27 нафар бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 нафар омӯзгороне, ки шумораи зиёди шогирдонашон дар олимпиадаҳо ғолиб омадаанд бо мукофотпулиҳо ва 118 нафар бо ифтихорномаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо мавзуи илму маориф ва зарурати тақвияти ин соҳа аз ҷумла тавассути таҳкими ҳаракати олимпӣ мавриди таваҷҷӯҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Тавре зимни маросими ҷоизасупорӣ иттилоъ дода шуд, рӯзҳои 2-3 апрели соли 2023 дар мактаби байналмилалии Президентӣ дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии Олимпиада аз фанни физика ба номи Абурайҳони Берунӣ, Олимпиада аз фанни математика ба номи Умари Хайём, Олимпиада аз фанни биология ба номи Абуалӣ ибни Сино, Олимпиада аз фанни химия ба номи Закариёи Розӣ, Олимпиада аз фанни география ба номи Носири Хусрав барои синфҳои 11 дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"