Машварати омӯзишӣ вобаста ба нақши академик Бобоҷон Ғафуров дар Бонки миллии Тоҷикистон
Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳрҳои Гулистон ва Хуҷанди вилояти Суғд рӯзҳои 14-15 ноябри соли 2023 ва иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2024 дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба осори таълифнамудаи шоира Розияи Озод ва китоби “Тоҷикон”- и академик Бобоҷон Ғафуров семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши илмӣ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, мудири шуъбаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илми таърих, дотсент Абдулло Ғафуров, раиси маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Чорабиниро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки дар ташаккули ҳар халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотири мардум фаромӯш намешавад ва хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик кам нестанд ва онҳо на танҳо ифтихори миллати мо, балки боиси сарфарозии мардуми олам гардидаанд.
Академик Бобоҷон Ғафуров узви фахрии созмонҳои илмии кишварҳои хориҷӣ, доктори фахрии як қатор созмонҳо ва донишгоҳҳои муътабари дохилӣ ва хориҷӣ, дорандаи мукофоти байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру ва мукофотҳои давлатҳои хориҷӣ, аз зумраи абармандони бонангу номуси миллати тоҷик мебошад, ки бо навиштани шоҳасари гаронбаҳо – “Тоҷикон” тавонист миллати тоҷикро ҳамчун миллати тамаддунсозу таърихӣ ба наслҳои гузаштаву имрӯза ва оянда муаррифӣ намояд.
Дар идомаи суханронӣ қайд кард, ки ҳанӯз аз соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид дошта буданд, ки: “Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки бо мақсади омӯзишӣ амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик – шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.”
Ҳамчунин, соли 2023 ба ифтихори 115 – солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Самараи тарбия дар фазои мусоиди оилавӣ буд, ки Бобоҷон Ғафуров баътар ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ, тарғибгари арзишҳои ҳаётбахши миллӣ ва таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар фазои мураккаби даврони хеш ба камол расид ва дар ташаккули худшиносии миллии халқи тоҷик саҳми намоён гузошт.
Дар идомаи чорабинӣ мудири шуъбаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон, номзади илми таърих, дотсент Абдулло Ғафуров, раиси маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо, сардори шуъбаи тарҷумаи Бонки миллии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон ва доктори илми филология Султон Ҳасан Баротзода доир ба омӯзиши осори таълифнамудаи шоира Розияи Озод ва академик Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла китоби “Тоҷикон” – и ӯ, бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.
Нотиқон зимни суханронӣ аз ҳаёту фаъолият ва осори пурғановати Розияи Озод, бахусус ашъори ватандӯстонаи ӯ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва китоби “Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров, ки бо заҳматҳои чандинсолаи ин марди хирад таълиф ёфтааст, маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, таъкид ба он доштанд, ки асари безаволи “Тоҷикон” шиносномаи миллат маҳсуб меёбад. Зеро баъд аз нашри китоби “Тоҷикон” халқи тоҷик соҳиби асари бунёдӣ шуда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби шиноснома гардид ва маҳз ин асар тавонист ба баҳсҳои чандинасра дар бораи халқи тоҷик, дорои тамаддуни ориёӣ ва сарзамин будани тоҷикон нуқтаи илмӣ гузошта, дар бақои миллати тоҷиқ нақши муассир дошта бошад.
Қандил Зубайдуллозода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ