«Илму маориф дар меҳвари сиёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон». Баргузории ҳамоиши сиёси-фарҳангии Коллеҷи омӯзгорӣ
«Илму маориф дар меҳвари сиёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» зери ин унвон бо ибтикори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир шуд.
Дар чорабинии навбатӣ меҳмонон аз як қатор кумитаву сохторҳои давлатӣ ва устодону донишҷӯёни ин боргоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинии устодону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро нахуст роҳбарияти ин муассисаи таълими ифтитоҳ карда, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи тафаккури Пешвои миллат аст ва бо назардошти афкору андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа таъсис ёфтааст, тавонист, дар марҳилаи хеле кӯтоҳи таърихӣ ҳамчун ҳизби меҳварӣ орзую ормонҳои мардумро дар худ таҷассум кунад ва ба ҳизби умумимиллӣ табдил ёбад.
Таъкид рафт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули иродаи қавӣ, нияти нек, хиради воло, дурандешӣ, мақому манзалати хоссаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо сабку усули қиёснопазир ба саҳнаи сиёсат омад. Дар ин муддат аз рӯйи меъёри бо мардум, байни мардум ва барои мардум амал намуда, дар ташаккули ҷомеаи шарҳвандӣ ва давлатдории навини тоҷикон нақши муассир мегузорад.
Ҳамзамон дар ҳамоиши навбатӣ роҳбарияти Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, намояндаи Кумитаи Марказии ҲХДТ ва аъзои Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон иштирок намуда, вобаста ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, рушди тафаккури шаҳрвандон ва нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани эҳёи арзишҳои миллию маънавӣ суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо истифода аз таҷриба ва сабақҳои таърихӣ, бо роҳи суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ бобати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд барои солҳои оянда низ барои таъмини истиклолияти энергетикӣ, истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба давлати транзитӣ табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат тамоми қудрату неруи худро равона месозад.
Дар фарҷом чорабинии зебои фарҳанг бо иштироки санъаткорони шинохтаи кишвар ва донишҷӯёни ин боргохи илму маърифат доир карда шуд, ки ба ҳамоиш ҳусни дигар бахшид.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ