image

Бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии адиби тоҷик Мансур Суруш маҳфили адабӣ доир гардид

date_range20.12.2024, 11:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye27

Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии адиби тоҷик Мансур Суруш маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти нависанда, драматург, мутарҷим, публисист, рӯзноманигор, дорандаи Ҷоизаи адабии Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Ҷоизаи Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ Мансур Суруш дар толори Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ доир гардид ва дар он олимону адибон, аҳли санъату ҳунар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баромадкунандагон зикр доштанд, ки Мансур Суруш гарчанде ба адабиёт андаке дертар аз журналистика ворид гардид, вале аз рӯзноманигорӣ худро хешро канор намегирад. Мавсуф ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ якзайл менависад ва тобишҳои ранги зиндагиро жар оинаи дил мебинаду ба қалам медиҳад. Мансур Суруш аз адабиёти пешину муосири русу Ғарб ва форсу тоҷик хуб баҳраманд аст. Ҳамчунин зикр гардид, ки осори Мансур Суруш аз назари қолаб ва тавсиф, тасвирпардозӣ ва ҳам аз лиҳози маънӣ наву тоза аст.

Ҳамчунин Мансур Суруш дар драмнависӣ низ зуҳур кардааст. Намоишномаҳои «Акси садои тӯлонӣ», «Ба куштани ман ҳанӯз фурсат хоҳед ёфт» (ҳар ду дар Театри драмаи русии ба номи В.Маяковский рӯи саҳна омадаанд), «Шиквае аз ту надорам асри ман», «Омӯрзиш» ва ғайра баёнгари муносибати ҷиддии муаллиф ба ин жанри адабиётанд. Афзун бар ин, номрафта ҷуръати бебокона намуда, даст ба тарҷумаи бадеъӣ аз тоҷикӣ ба русӣ зад, намунаи фаровон аз осори адабии классикон ва адибони муосир, публисистикаи тоҷикро ба забони Пушкину Толстой баргардонд ва ба ин васила дар муаррифии адабиёти миллат ба хориҷиён саҳм мегузорад.

Мураттиби китоби «Садриддин Айнӣ ва яҳудиёни Бухоро» (ба забони русӣ, соли 2012) мебошад. Асарҳои як қатор нависандагони тоҷикро, аз ҷумла баъзе аз порчаҳои китоби «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, Ӯрун Кӯҳзод, ҳикояҳои Абдулмалик Баҳорӣ, песаҳои «Гавҳари шабчироғ»-и С. Улуғзода, «Куруш ва Куруз»-и Низом Қосим, порчаҳо аз романи «Садама»-и Саттор Турсун, мақолаи устод Айнӣ «Конститутсияи сталинӣ ва яҳудиёни меҳнаткаш» ва ғайраро ба забони русӣ тарҷума кардааст.

Ҳамчунин китоби андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи Қисмати таърихии халқи тоҷик таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони русӣ тарҷума намудааст. Намунаи ҳикояҳояш дар маҷаллаҳои адабии «Новое время», «Огонёк» (Федератсияи Россия) ва «Русское поле» (Молдова) чоп шудаанд. Баъзе аз асарҳояш ба забонҳои ӯзбекӣ ва арманӣ тарҷума шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки Мансур Суруш дорандаи ҷойизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва ду маротиба дорандаи ҷойизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ гардидааст.

М.Мирхолова
"ТВ Душанбе"