image

Оғози сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Федератсияи Россия

date_range28.05.2025, 08:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye4

28 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Москва гардиданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Внуково-2-и шаҳри Москва меҳмони олиқадрро муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.