ИҶЛОСИЯИ ҲАФТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
Имрӯз, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ доир гардид.
Иҷлосия бо иштироки муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ, раисони маҳаллаҳо, сархатиб ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор шуд.
Нахуст, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ ба кори иҷлосия ҳусни оғоз бахшида, бо қироат гардидани суруди миллӣ аз ҷониби иштирокдорон маҷлис ба кори худ шуруъ намуд. Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 5 масъала, аз ҷумла:
1. Ҳисоботи муовини якум ва муовинони Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нуҳмоҳаи соли 2026.
2. Гузориши муовини якуми Раиси нохияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар бораи татбиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ин соха.
3. Гузориши муовини якуми Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар бораи татбиқи «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ин самт».
4. Гузориши муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар бораи татбиқи « Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ин соҳа.
5. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
Дар рафти маҷлис Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба раисони шаҳраку маҳалҳо супориш доданд, ки мунтазам дар тамоми шаҳраку маҳалла, корхонаву муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ шанбегиҳо ташкил намуда, ҷиҳати таъмини тозагиву ободӣ, сарсабзиву хуррамӣ, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ чораҳои мушаххасу амалӣ андешанд.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки вакилон ҷиҳати иҷрои ваколатҳои худ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тадбирандешӣ намоянд ва ҷиҳати гузаронидани вохӯрию суҳбатҳо бо интихобкунандагон барои вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарғиби фарҳанги шаҳрнишинӣ ва ташаббускории худи вакилон дар ободонию пешравии кӯчаю маҳалҳо саҳмгузор бошанд.
Бо ҳамин иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум кори худро анҷом дод.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ