image

Натиҷагирӣ аз фаъолияти 6 моҳаи "Амонатбонк" бо ширкати хабарнигорон

date_range08.08.2023, 13:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye411

"Амонатбонк" дар нимсолаи аввали соли 2023 ба зиёда аз 13 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, зиёда аз 789 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,9 млн. нафар амонатгузорон тавассути 75 филиал ва 548 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи наздики 3000 нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ намуд, иттилоъ дода шуд зимни нишасти матбуотии КВД БА ҶТ “Амонатбонк”.

Раиси Раёсати бонк Икромӣ Сироҷиддин Салом зимни нишаст ба хабарнигорон итиллоъ дод, ки бонк аз рӯи фаъолияти худ 41,7 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,8% зиёд мебошад. Дар раванди саҳмгузорӣ дар татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва боз ҳам рушд додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла, ҷиҳати ба роҳ мондани пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, Амонатбонк ба ҳолати 30 июни соли 2023 дар маҷмуъ 855 адад чунин нуқтаҳои қабули пардохтҳоро тавассути постерминалҳо фаъол намудааст. Инфрасохтори мазкур нозиротҳои андоз ва филиалҳою марказҳои хизматрасонии бонкиро дар тамоми ҷумҳурӣ дар бар мегирад. Илова бар ин, дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ 239 адад ва дар бахши хусусӣ 609 адад постерминалҳо насб карда шудааст, ки гардиши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути онҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ 26 млн сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 31% афзоиш ёфтааст. Дар самти рушд додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва фароҳам намдуани шароити барои он роҳбарияти Амонатбонк таъкид намуданд, ки ба ҳолати 30 июни соли 2023 шумораи умумии нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки дар онҳо QR-рамз насб шудааст, ба 1 098 адад ва барои шахсони воқеӣ 1 461 адад расида, дар ин давра шумораи амалиётҳо 8 877 адад ва гардиши онҳо 1 814 ҳазор сомониро ташкил намудааст.

Ҷиҳати хизматрасонии саривақтӣ ба мизоҷон, ба миқдори 167 ҳазор адад кортҳои беноми “Фарогир” интишор гардида, ба филиалҳо дастрас карда шуд. Ин иқдом барои боз ҳам зиёд шудани мизоҷони Бонк ва ҳам барои рушд ва пешбурди самарабахши раванди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ нақши муҳим гузошта истодааст. Барномаи “Амонатмобайл” хизматрасониҳо ва маҳсулоти бонкиро, аз ҷумла пардохтҳои андоз, коммуналӣ, интиқоли маблағҳо тавассути кортҳо, пардохти қарз, идоракунии фосилавии суратҳисобҳои шахсӣ, ҳамёни электронӣ, пардохт тавассути QR-рамз ва ҳамгироиро бо иқтидорҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ таъмин менамояд. Дар ин давра шумораи умумии истифодабарандагони барномаи мобилӣ 391 115 адад ташкил намуд.

Пайвасткунии бомароми ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба хизматрасонии Интернетбонк роҳандозӣ шуда, айни ҳол 8 044 адад корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ ба он пайваст карда шудаанд. Барнома ба сармуҳосибон ва масъулини корхонаҳою ташкилотҳо имконияти бо таври фосилавӣ (онлайн) гузаронидани супоришномаҳои пардохтӣ ва музди меҳнатро фароҳам меоварад. Бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ 4,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 34,2% афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, пасандозҳои аҳолӣ зиёда аз 2 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12% афзоиш ёфтааст. Зимни пурсиш нисбат ба фоизи пардохт намудаи бонк ба пасандозгузорон роҳбарияти бонк афзуд, ки фоизҳои ба аҳолӣ пардохтнамудаи бонк дар давраи ҳисоботӣ 39,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ба сатҳи даромади аҳолӣ ва ҳамзамон баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии онҳо мусоидат намуда истодааст. Дар ин раванд, бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи дигар барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, инчунин дастгирии занони соҳибкори кишвар, Бонк иқдомҳои қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Баҳор-2023», «Автоқарз» ва «Занҳои муваффақ» роҳандозӣ намудааст. Дар Бонк меъёри фоизи солонаи қарзҳо бо пули миллӣ аз 10 то 24 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ аз 4,5 то 10 фоизи солонаро ташкил медиҳад. Имрӯзҳо Амонатбонк бо 16 бонкҳои хориҷӣ бо истифода аз 48 суратҳисобҳои корреспондентӣ ҳамкорӣ дорад.

Амонатбонк бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, танзими муомилоти нақдӣ ва дар ин замина устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, дар маҷмӯъ бо 8 095 адад ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷиҳати гузаштан ба лоиҳаи “Музди меҳнат” тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 100 адад зиёд мебошад. Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 757 ҳазор нафар расидааст. Теъдоди банкоматҳои насбшуда дар Бонк ба 342 адад ва постерминалҳо ба 2 804 адад расонида шудааст. Бонк бо мақсади дастрасии қуллай ба хизматрасониҳои бонкӣ, тайи 5 соли охир иқдоми ба ҷойҳои сераҳолӣ ва ба сайёҳон дастрас кӯчонидани марказҳои хизматрасонии бонкиро амалӣ намуда истодааст. То ба имрӯз 262 адад ё 47,8%-и марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кӯчонида шуданд.