image

Шаҳри Душанбе дар 4 фасли сол шукуфону гулпӯш аст

date_range18.09.2023, 10:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye352

Корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамгардонӣ дар ҳудудуи шаҳри Душанбе баҳри сарсабз намудани кӯчаву хиёбон, шаҳраку маҳалла ва майдону гулгаштҳо ҳамарӯза бо ҷалби сокинон ва фаъолияти сохторҳои коммуналиву беҳдоштии ноҳияҳои шаҳр бовусъат ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади ободу зебо намудани қитъаҳои алоҳидаи ноҳияҳои пойтахт ва мутобиқ ба талаботи агротехникӣ шинонидани дарахту бутта ва гулу сабзазор дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 июни соли 2022 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар шаҳри Душанбе» кӯчати зиёда аз 131 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола ва лола дар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт ба нақша гирифта шуда, то имрӯз тибқи қарори болозикр дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба миқдори зиёда аз 15 миллион дона гул шинонида шудааст, ки аз ин 7 миллиону 214 ҳазору 631 дона гулҳои мавсимӣ, 3 миллиону 031 ҳазору 759 дона гулҳои бисёрсола ва 5 миллиону 700 ҳазору 917 дона гули лола мебошад.

Гулгашти назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ бо тарҳу намои зебо оро дода шудааст, ки дар баробари зебоӣ муҳити экологиро низ таъмин менамояд. Аз баски гулгашти мазкур маркази шаҳри Душанбе ҳисобида мешавад, он ҳамеша бояд зебову назаррабо бошад.

Бо мақсади таъмин намудани кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳо бо гулҳои тару тозаи ороишӣ бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатии “Сабзкорӣ”-и шаҳри Душанбе бо ҷалби мутахассисон бо истифода аз усулҳои парвариши муосири гулпарварӣ гулҳои гуногун парвариш ва дар вақти муайян дар гулгашту хиёбонҳои пойтахт шинонида мешаванд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"